БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои миллӣ мебошад

ҚУБОДИЁН.Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов чорабинии фарҳангӣ бахшида ба  Наврӯзи байналмилалӣ  бо иштироки узви Кумитаииҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Файзуллозода Зафар Хайрулло, муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мирзоев  бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд.

Зимнан шахсони расмӣ бо суханҳои табрикотӣ ҷамъомадагонро бо Наврӯзи хуҷастапай табрику боракбод гуфтанд.   

Баъдан масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони деҳа бо шавқу завқи баланди ҳунармандӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ҳунару маҳорати хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан намуда, ба ҳунармандони чирадаст таҳсину офарин хонданд.  

Дар охир аз ҷониби ҳаваскорони деҳаҳои дар боло зикргардида барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардида,  таъби ҳозиринро болида намуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg