![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190320_103332.jpg?itok=AEsaobNM)
ДАНҒАРА. Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббусу дастгириҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор чорабиниҳои идона гузаронида шуд.
Дар ин чорабиниҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия, фаъолон, аъзо ваҷонибдорони ҳизб, пирони рӯзгордида, иштирок намуда, бо сарфарозӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи хуҷастапайро бо хушнудӣ ҷашн гирифтанд.
Чорабиниҳои наврӯзӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса, ороиши дастурхони ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, суманакпазӣ, гузаронидани бозиҳои миллӣ, аз ҷумла бандкашӣ, гӯштингирӣ, хурӯсҷанг ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ сурат гирифт.