
Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру сахо бахшида ба таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Маъюбону бепарасторон низ зери таваҷуҳ вағамхории ҲХДТ қарор доранд!» ба як чанд нафар маъюбон, кӯмаки молиявии яквақтаина расонида шуд.
Чунин иқдомҳои неку ватандӯстона дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу ватандӯст дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав пайваста роҳандозӣ мегардад.