БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизбӣ раҳнамунсози мардум ба корҳои созандагӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойторӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҳизб, инчунин, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҳозиринро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg