БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун- иншооти бузурги аср мебошад!

АНДЕША.Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузургӣ давлат Эмомалӣ Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузургӣ давлаташро эътироф мекунад.

Ҳар як нидои ин марди накӯном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.

Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузошта, сахмияҳо харида, маблағҳо мегузаронанд. Имрӯзҳо модарони тоҷик кулчаи ширмоли худро ба коргарони НБО-и Роғун мефиристанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе, ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Роғун аст. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст.

Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалӣ Рахмон ба халк бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиати ӯ ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгири намуда истодаанду хамагӣ ҷонибдоранд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониатҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.

Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии Ватани азизанд. Бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. То Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.

Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор набошад.

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаъол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшидааст.

Хулоса, иншооти Роғун хамчун нерӯгоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашида истодааст.

Қутбиддинов Тоҳир, мушовири шуъбаи  маорифи ноҳияи Кушониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg