ВОКУНИШ. Солҳои ахир мо ба воситаи телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо вожаҳои терроризм, экстремизм ва радикализм бештар вомехӯрем, ки дар баробари хондану шунидани онҳо касро тарсу ваҳм ва даҳшату ҳарос фаро мегирад. Чунки ин вожаҳо аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи башариеанд, ки ба нобудиву нестӣ бурдани ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳангу тамаддунҳо, миллату давлатҳо, махсусан давлатҳои миллӣ ва зери шиканҷаву зулумот бурдани ҳаёти рангини инсоният аст. Мутаассифона, дар бештар ҳолатҳо ба вожаҳои мазкур калимаи «исломӣ» ҳамроҳ карда мешавад (терроризм, экстремизм ва радикализми исломӣ), ки ба исломи ноб рабте надошта, танҳо ба бадном кардани он оварда мерасонад.
Зимнан боз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризми ифротӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Агар ба дини ислом назар намоем, мебинем, ки ислом ба чунин падидаҳои номатлуб комилан зид буда, ҳамеша онро зери тозиёнаи танқид гирифтааст: «Дар дин ҷабр кардан (раво) нест» гуфтааст. Худованд дар ояти 256-уми сураи «Бақара». Агар ба ояти мазкур диққат карда шавад, маълум мегардад, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкорӣ ва махсусан «ҶИҲОД»-и имрӯзаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки шиори меҳварии онҳост, фитна ва роҳи ғалат буда, ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надорад. Зеро ҳамаи мо суханони Пайғамбари ислом – Муҳаммад (с) дар бораи «беҳтарин ҷиҳод–ҷиҳоди нафс» ва «хидмати падару модар ҷиҳод дар роҳи Худованд»-ро медонем.
Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ афроде ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи ИСЛОМ, ВАТАН ва ДАВЛАТ-ро доғдор мекунанд.
Омилҳо ва ангезаҳои гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳаққиқону таҳлилгарони масоили динӣ-сиёсӣ шарҳ медиҳанд, ки интернет, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, камдонишӣ, надоштани ҳувияти миллӣ, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».
Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш соли 2018 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунаромез» иброз доштанд ки: «Мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастригии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарам чорандешӣ намоем». Дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо хавфу хатари афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Дар ин раванд, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд нақши калидии мақомотҳои дахлдор ва хар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар фарогир гардад.
Илова бар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Орипов Бегиҷон, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ