БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Файзу баракати дастархони мардум аз заҳмати деҳқон аст!

ҶАЙҲУН.Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Себзор»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад иштирок ва суханрони намуд.

Зимнан дар рафти чорабини Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ муфасал баромад намуда, кайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 ироа намуданд, ки “Ҳадафи стратегии дигари мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад”. Воқеан ҳам нақш ва саҳми деҳқонон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад.

Дар доираи таъмини иҷрои қисмати Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” иштирокчиёни чорабини дар ҳамбастагӣ ҷуйбори обгузари маҳалларо тоза намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg