ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сумбула»-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.
Дар хотима новобаста аз оне, ки корҳои ободонӣ дар ҳудуди деҳа дида мешуд, инчунин дар деҳаи мазкур тариқи ҳашари умумӣ 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, як утоқи корӣ барои омӯзгорон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 сохтмонаш идома дошта, дар арафаи анҷомёби қарор дорад.