ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёти нав» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.
Зимни баромад муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов дар бораи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда. афзуд, ки мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизамон Тоҷикистон мекунем-омадааст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии кишвар.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба тоза кардани маҳали зист, сангфаршкунии роҳҳо ва сафед кардани дарахтон машѓул гардиданд.