ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маъмурдашт” вохӯрӣ баргузор гардид, кидар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, натиҷагирӣ аз маҷлиси КИМ ҲДТ, ки рӯзи 7 феврал таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ суханронӣ карданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии
«Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маъмурдашт” Абдуназаров Абдумалик иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки роҳҳои маҳалаи худро ба масофаи 500 метр сангфарш намоянд .