БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон баҳри пешрафти деҳот

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷадвали баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалӣ хизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Хурамдеҳ”-и ҷамоати деҳоти Гулистон баргузор гардид.

Зимнан  кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  оид ба  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози андеша намуданд.         

Дар Аксияи ҳизбии баргузоргардида сокинони деҳаи мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти номбурда фаъолона ва бо шукгузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумӣ баромада, маблағҳои хайрияи худро барои таъмир ва сангфарш намудани роҳи деҳа истифода бурданд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg