ПАНҶ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврўзи хуҷастапай тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи маҳаллаҳою деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои фархангӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Чунин як чорабинии фарҳангию сиёсӣ бо ибтикори аъзо ва ҷонибдорони ташиклоти ибтидоии “Сулҳи” ҷамоати шаҳраки Панҷ гузаронида шуд.
Чорабинии сокинони маҳал бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, дар он иштирокдорон ҳунару истеъдоди худро аз қабили кашидадўзиҳои гуногун, анвои хўрокиҳои миллӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ ба намоиш гузоштанд, ки хеле ҷолиб буд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон баромад намуда, ҳамагонро ба фарорасии фасли Баҳор ва Наврўзи хуҷастапай муборакбод намуда, ба ҳамагон дар соли нав бурдбориҳоро таманно намуд.
Баъдан ташкилкунандагони чорабинӣ барномаи ҷолибу хотиромони худро, ки аз расму ойинҳои тоҷикон дар айёми Наврўз, аз ҷумлаи муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, суманакпазӣ, киштукори баҳорӣ, пухтани хурокҳои наврузӣ ва таронаҳои наврӯзиро ба тамошобинон пешкаш намуданд.