БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғот таввасути корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегирад!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар деҳаи Ғеши ноҳия  оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвон «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  Гулсунбӣ Раҷабова дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Ғеш» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова  оид ба Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани НОБ-и Роғун, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуд. Ҳамзамон, дар  доираи  ин суҳбат  ба сокинон нашри махсуси  нашрияи «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg