БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии қишри ниёзманд яке аз фазилатҳои неки инсонист!

БОХТАР.Бо мақсади дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи вилоят» дар бахшида ба  Наврӯзи байналмилалӣ ба 50 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва дастгирӣ» дар вилояти Хатлон ва оилаи онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ ва кӯмакҳои яквақтаинаи рӯзгордорӣ расонида шуд.

Дар маросими супоридани кӯмакҳои хайриявӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи вилоят» роҳбарият, кормандон ва парасторони Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва дастгирӣ» дар вилояти Хатлон иштирок дошта, Наҷидуллоев Тавакал иброз дошт, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  фазилатҳои неки инсонӣ мебошад ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ниёзмандон, бепарасторону барҷомондагон ҳамеша таҳти сарпарастиву  ғамхории Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи фарҳангӣ -фароғатии парасторони ин ташкилот пешкаши ҳамагон гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg