Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Сокинони маҳал сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро ҷонибдоранд!

ЁВОН. Чанде қабл бо ибтикори бевоситаи ташкилоти ибтидоии «Шӯрообод» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки зиёда аз 200 нафар аҳолии деҳаи Шӯрча ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, дар ҳашар гирду атрофи оромгоҳи деҳа тозаву озода карда шуда, ба ин васила дар ин мавзеъ зиёда аз 150 адад дарахтони гуногун шинонида шуд.

Имрӯзҳо мардуми деҳаи Шӯрча сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳали худро ободу зебо менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg