
ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Эрагаш Султонов»-и ҷамоати Ҷиликӯл бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Аксияи хайриявии ҳизбӣ таҳти унвони «Маъюбону бепарасторон низ зери таваҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!» доир гардид.
Дар баргузории чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ 30 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа тӯйи суннатӣ гузаронида шуда, ба онҳо дастархони идона ороста ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.