БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзӣ соҳаи сердаромадтарини кишвар!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ва татбиқи самараноки онҳо дар соҳаҳои гуногун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли шир, тухм, парандапарварӣ, бунёди боғ ва бо ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ, амалигардии ҳадафҳои стратегии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, татбиқи агротехнологияҳои навин ҷиҳати самаранок гардонидани заминҳо ва гирифтани якчанд ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ, ба таври васеъ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишоварзон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg