БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Руҳониён низ масъули таъсиргузор ба мафкураи диниву мазҳабии мардум мебошанд

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо эмомхатибони масҷиди ҷомеъи ноҳия вохӯрӣ  баргузор гардид, ки дар он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва ёвари сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш полковники милитсия Мирзоев Суҳроб иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Зимнан  Мирзоев Суҳроб  дар  мавзӯъи « Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» суханронӣ намуда, қайд кард, ки эмомхатибон ҳамчун шахсони обрӯманду таъсиргузор дар мафкураи ҷавонон бояд дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ба таври пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Сипас,  Одилҷон Маҳмадов низ  дар бораи  равияҳои нодурусти мазҳабиву динӣ ва дигар гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, ки боиси ноором сохтани вазъи ҷомеа мегарданд, ибрози андеша намуда, афзуд,  ки пос доштани арзишҳои мазҳабии мардуми тоҷик ва ҷилавгирӣ  аз пайравӣ ба равияҳои бегонаи диниву мазҳабӣ омили асосии ҳифзи суботи ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз эмомхатибони масҷиди ҷомеи ноҳия хоҳиш карда шуд, ки  дар ин кори хайру савоб саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg