БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!

БАЛҶУВОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  деҳаи “Чорбоғ”-и ҷамоти деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви  ноҳияи Балҷувон бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Балҷувон  Муродова Марҷона  вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ баргузор гардид.

Марҷона Муродова зимни суҳбат  мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карда, афзуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, даромади пули аҳолӣ дар соли 2018 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2017 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5  фоиз коҳиш ёфт.

Инчунин дар ин Паём бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ Сардори давлат пешниҳод намуданд, ки ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» элон карда шавад.

Пас ҳар як сокини деҳаву маҳалла ва ноҳияро зарур аст, ки барои рушди деҳот чорандеши намуда, дар бунёдгузориву созандагӣ ҳиссагузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg