БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амалисозии мақсаду ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузорем!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази-тропикӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар тибқи ҷадвали хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо, вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Алиев Зафар дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҷамъомадагон иқдом гирифтанд, ки дар замини назди бинои маъмурии ташкилот гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg