Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Пешравиҳои Ватан аз деҳот ибтидо мегиранд!

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пахтаобод»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣмудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Даминов Илҳом ба сухан баромада, қайд кард, ки мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

Дар охир тибқи нақшаи  кории созандагиву  ободонӣ  бахшида  ба  30- солагии Истиқлолияти давлатӣ,   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва дар амал татбиқ  намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳашари дастаҷамъона  роҳандозӣ гардида, сокинон  ба тоза намудани заҳбуру  заҳкашҳо саҳми худро гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg