БАЛҶУВОН.Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК "Нефту газ"-и ноҳияи Балҷувон Исматов Ҷумахон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 6 нафар ятимони кулл ва 7 нафар занони собиқадор маводи ғизоӣ ва сару либос кӯмак карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашнҳои давлативу миллӣ дарпешистода дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои хайру сахоро бештар ба роҳ монда, ба ятимону барҷомондагон ва беморону бечорагон кӯмак расонида мешавад.