БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои мазҳабфурӯшу хоин, хаққу ҳуқуқи миёни ҷомеаи мо зистан надоранд!

ВОКУНИШ. Магар Худованд фаромуш мешавад, дар назари он ҷавоне, ки бо истифода аз ниқоби «Ислом»  даст ба куштори омма мезанад?

Магар Худованд лаънат намефиристонад ба он зоте, ки сабаби марги бегуноҳон мегардад?

Магар он тифлаке, ки дар лаби дарёи Яман оғуштаи хоку обу хун хобида буд, дарсе намешавад барои дигарон?

Магар он ҷавоне, ки боиси марги садҳо ҷавони ғуррамарги бегуноҳ мешаванд модар надоранд?

Ҳамаи ин саволҳо ҳар лаҳза ба худ медиҳам баъд аз дидани наворҳои хунангези ҷангҳои давлатҳои мусалмонӣ. Медонам он нафаре, ки даст ба ин амалҳо мезанад фарсахҳо дур аст аз китобу рўзнома. Медонам, ки онҳо мисли як ҳайвони ваҳшӣ дар сурати одамӣ доимо дар пайи зарар ба оламу одаманд. Медонам, ки онҳо ҳамон намакзадаҳои роҳи худ гум кардаанд. Медонам, ки онҳо аз миллати ман нестанд, зеро онҳо миллат, нажод, дин надоранд. Зеро ягон дин куштори бегуноҳонро қабул надорад. Бояд аз тоҷики ман  террорист, экстремист, ватанфурўш намебаромад. Зеро тоҷики ман заҳри талхи ҷангро, синаи хуншори модаронро, хонаи сухтаи хокистарро дида буд. Зеро сояи Худовандӣ барои ин ободӣ, барои ин озодӣ сина сипар карда, қомати модарон гирифта меҳр ба ятимон бахшида, кина аз дилҳоро бурда, ҳама гулзору бӯстон намуд. Ў аз минбар қайд намуд, ки «Падару модар розӣ – Худо розӣ», «Аввал Худо баъд падару модар», пас он нафароне, ки даст ба чунин амалҳо мезананд модар надоранд? Кадом модар, кадом падар мехоҳад фарзандаш террорист бошад? Онҳо кадом Худоро саҷда меоранд, ки хонаи мусалмон месӯзад? Фарзанди одам мекушанд…

Бегонапарастӣ, ифротгароӣ пеш аз ҳама аз тангназарию бесаводист. Аз ҷониби ҷавоне содир мешавад, ки таълимоти дурусти диннӣ надорад. Саломатии руҳии онҳо хуб набуда, дар оилаҳои носолим ба комол расидаанд, ки дар натиҷа бозичаи дасти ифротгароёни мансабпарасту душманони миллат мегарданд.

Бо истифода аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои пешгирии терроризм бояд дар сатҳи ақлониву босаводӣ бо истифода аз фаъолон, олимон аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода аз руҳониёни босавод аз фаъолон, олимон аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода бурда, ҷавононро ба ободӣ ба шукргузорӣ даъват намоем. То фазои давлати мо гарди ғубори давлати Афғонистону Ироқ ва Сурияву Яман набинад. То Ватани биҳишосои мо, ки ҳар қадам боғи биҳиштро мемонад, абадан биҳиштосо бимонад. Ба хотири насли оянда, ба хотири тоҷикони поянда!

 

Назонат Қосимова - узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg