БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз ҲНИ - созмони террорангез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷӯст!

ВОКУНИШ.Таърихи инсонӣ шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин буда ва ҳаст, ки бештар рӯйи ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ тамаркуз карда ва мекунанд. Доираи ихтилофоти динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, бефаросатӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рӯхонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сӯфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас мешаванд, тавсеа ва густариш меёфт. Мутаассифона, дар сад соли ахир ҳам ин қишри ҳангомасоз ва худхоҳ боиси ноҷуриҳои ҷиддӣ дар низоми зистии мардуми мусулмон гардида, талошҳои собиқадори онҳо дардисарсозанд. Илова бар ин, рӯҳонияти муҳофизакор ва авомфиреб ҳамеша дунболи қудрат мегардад ва ҷиҳати ғасби қудрат аз тамоми шеваҳои машрӯъ ва ғайримашрӯъ истифода мебарад. Қудратмадорӣ ва салтанатхоҳии ин қабил ва тоифа аз зеҳни мағшуш ва ошуфтаи онҳо сарчашма мегирад. Дар умум, метавон «хобби»-и ин тоифаро дар савор шудан бар гардани мардум ва аз тариқи тарсу фишорҳои мудавоми ақидатӣ ва равонӣ таҳти таъсир қарор додани ҷомеа тасаввур кард. Бо макру ҳиял ва найрангу фиреб мардумро ба дом медароваранд ва дар хидмати худ қарор медиҳанд

Ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои шастуми асри бист сар карда, насли нави рӯҳониёни маҳаллӣ таври пинҳонӣ ба мубориза алайҳи низоми давлатдории шӯравӣ шӯриданд ва тадриҷан қишрҳои гуногуни иҷтимоиро ба роҳи мубориза даъват намуданд. Муқовимати пасипардагӣ бо мафкураи коммунистӣ, ки бар пояи афкори дунявӣ бунёд ёфта буд, дар давоми солҳои ҳафтодуми қарни гузашта оҳиста-оҳиста шакли муборизаи дастаҷамъонаи ҷавонони мазҳабиро ба бар кард. Аз заифии блоки идеологии кишвар ва бетафовутии масъулини ҳизбӣ-сиёсӣ истифода бурда, дар води Вахш созмони сиёсие таҳти унвони Ҳаракати ҷавонони исломии Тоҷикистон таъсис ва минбаъд густариш ёфт. Дар заминаи созмони сиёсии динӣ ҳалқаҳои дарсии динū дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ташкил шуданд, ки насли ҷавони муллоҳои наҳзатӣ дар баробари тадриси масоили динӣ-мазҳабӣ, ҳамчунин ба масоили сиёсӣ, ақидатӣ ва мафкуравӣ дахл карда, муридон-сабақгиронро ба муборизаи сиёсӣ омода менамуданд.

Ҳамин тариқ, ҲНИТ дар шакли ибтидоӣ таъсис ёфт ва барои рӯйи даст гирифтани мардум ва ҷомеа иқдом кард. Албатта, барномарезиҳои ибтидоие, ки ҲНИТ ва раҳбарияти вақти он роҳандозӣ кардан мехостанд, аз ҷониби мардум ва табақоти иҷтимоӣ пазируфта нашуд ва муборизаҳои идеологӣ бар нафъи ҷомеа анҷом пазируфт. Акнун масъалаи муҳим ба даст овардани насли ҷавон, ки хуни гарм дошт, аввалиндараҷа ҳисобида шуд ва гурӯҳҳои таблиғотии ҲНИТ-ӣ корро дар самти ҷалби ҷавонон ба тарафи наҳзат ҷоннок намуданд.  Бо ин ният, дастандаркорони наҳзатӣ аз ҳисоби муллоҳои нисбатан ҷавон ҳалқаҳои дарсиро таъсис дода, ба таври пинҳонӣ ҷараёни муқовиматро алайҳи низоми дунявӣ, ки аз ҷониби онҳо ҳамчун низоми бебандубор ва бехудо талаққӣ мешуд, таҳким бахшиданд. Муридон ва шогирдони мактаби наҳзатӣ кай медонистанд, ки охири кор ба ҷанги бародаркуш меанҷомад ва пайвастан ба наҳзат паёмадҳои хатарбор ва хунин хоҳад дошт. Он замон насли ҷавони хавохоҳи ҲНИТ, ки боқимондаҳояш феълан марҳилаи солмандиро аз сар мегузаронанд, намедонистанд, ки бо чӣ созмоне сари кор гирифтанд ва оқибати кор ба чӣ фоҷиае меанҷомад? Афсӯс, ки насли он замон ҳаводори ҲНИТ иштибоҳи худро пай набурд ва масти ҳангомаю худхоҳиҳои ин созмон гардид.     

Бояд ёдовар шуд, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳонияти наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиёни тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар масири муборизоти мазҳабӣ рӯҳонияти исломӣ  таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон(минбаъд ҲНИТ)-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, минҳайси сарчашмаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон»-и рӯхонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳарҷу марҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ-мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гӯшаҳои даргири қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқӯъ пайваста, боиси ҳалокати зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ҲНИТ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. Ҳосили ин «ширкати фаъол»-ро метавон имрӯз дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди ҳар як тоҷикистонӣ ба хубӣ мушоҳида кард. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҲНИТ ба истилоҳи ҳуқуқи ҷиноятӣ, фигуранти асосии силсилаи ҷиноятҳо маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз масири рушду тараққӣ бозмонд. Махсусан, омил ё фактори мазҳабзадагӣ мисол ва намунаи асосиест, ки ҷомеаи тоҷикро аз масири таҳрикот ва таҳаввулот канор гирифт. Аз тарафи дигар, агар ҷанги шаҳрвандӣ, ки омили асосиаш ҲНИТ буд, ба вуқӯъ намепайваст, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ -- Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, ки марҳилаи ҷанги шаҳрвандиро нагузарониданд, бар асари амнияту оромиши сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ пеш рафтанд. Муҳимтар аз ҳама, ин кишварҳо ҲНИТ надоштанд ва маҳз надоштани ин гуна созмони тахрибкори сиёсӣ-мазҳабӣ барояшон роҳи тараққиётро ҳамвор кард. Магар чунин нест? Фаразан, агар чунин созмони сиёсӣ-мазҳабӣ (ҲНИТ) дар Тоҷикистон вуҷуд намедошт ва тарҳи ҷанги шаҳрвандӣ рехта намешуд, миллати тоҷик бидуни садама задан ба ҳувияти миллӣ ба марҳилаи рушду тараққӣ иқдом мекард ва ба феҳристи мамолики тараққикардаи ҷаҳонӣ шомил мешуд. Аммо, чуноне ки медонем, дар ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ авзои сиёсию иҷтимоӣ бо найрангҳои наҳзатӣ бад шуда, мусибат болои мусибат мардум ва кишварро таҳдид намуд ва саранҷом мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ  гардид.    Мубориза бо низоми дунявӣ, ки зидди назарияҳои хушки хурофоти динӣ мебошад, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат буду ҳаст. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пӯшиши либос риоят мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раёсати сиёсӣ ташаккул ёфт, ба хотири ҷалбу ҷазби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ корбаст намуд. Аз ин ҷост, ки барои рӯпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ҲНИТ аз василаи мудерн кардани зоҳир – ба бар кардани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риоёти ҳадафмандонаи низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабиро пинҳон доштан ва амсоли инҳо васеъ истифода мебарад. Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ҲНИТ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ҲНИТ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд(касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари молу маноли мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ, барҳам задании низоми дунявӣ, афзудани фабрикаи истеҳсолоти барда ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти ҲНИ ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз бовармандии мардум сӯйиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯйиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд. Ҳадафҳои пасипардагии ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст.

                

 

 М.П.Давлатов, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg