БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дигар ба дассисаву суханбозиҳо ва фитнаангезии хоинон бовар надоранд!

ВОКУНИШ. Аз ҳангомаҳои Шарофиддин Гадоев ва наворҳои иғвоангези ӯ баъд аз омадану дубора баргаштанаш назди хоҷагони худ муйян мешавад, ки чун аз тинати ин хоину фитнаангез ғайр аз носазо гуфтану туҳмат задан коре дигар барнамеояд, билохира чун ақраб кори метавонистаашро мекунад, яъне неш задан. Ягона ҳадафи чунин ватангумкардагон рекламаи худ ва ҷалби таваҷҷуҳи хоҷагонашон мебошад. Ҳарчанд аз обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯз, дар самти масоили об, мубориза бо терроризму экстремизм ва ғайраҳо хуб огоҳ аст, аммо қалби нопок, виҷдони фурӯхташуда ва муттаҳамии ӯ пеши хоҷагон чашмонашро парда пӯшидаасту чизеро дида наметавонад.

Бояд гуфт, ҳодисаҳои дар солҳои навадум рӯхдода аз хориҷи кишвар роҳандозӣ ва раҳнамоӣ шуда, мардуми ноогоҳу зудбовари моро бероҳа намуданд. Он замон бо ҳар роҳу восита намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои “навбаромад”, роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиорҳои мухталиф, аз қабили барои «фарҳанги аҷдодӣ» тамоили эронпарастиву бунёдгаронаи диниро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро дар ҳамон вақт давра ба давра суст ва фалаҷ менамуданд ва имрӯз низ ин раванд пардапӯшона бо роҳу василаҳои дигар кору амалиёт намуда истодаанд.

Дар раванди омодасозиву дигаргуниҳо ва бозсозии ҷомеа, ба майдон демократҳо ва исломиён омада, истифода аз барҷомониҳо, барномаҳои тарҳрезишудаи худро паи амал қарор доданд. Ба бадбахтии миллати мо тамоми намояндагони собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моликияти меросмондаро тақсим ва азони худ менамуданд. Мо бошем, ба даъвоҳои авомфиребонаи иддае аз «ватанхоҳон» гӯш дода, «Мулки ғоратзадаро, ғорати дигар кардем, Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем».

Иғвоҳои сиёсӣ, гаравгонгириҳои намояндагони мардумӣ, ноадолативу сиёҳкуниҳои беасос аз рӯи сенарияҳои пешакӣ бо дастур ва роҳандозии хоҷагон ба оғози задухӯрдҳо ва ҷанги шаҳрвандон асос гузошт. Дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор бехонумон гардиданд. Ин ҷанг зиёдтар аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқ зарар расонид. Даҳсолаҳо раванди тараққиёти мамлакатро боз дошт. Сари муҳаррик ва чамбараки ин ҳаводису бадбахтиҳои таҳмилшуда киҳо истода буданду, имрӯз низ «ҷон» коҳонида истодаанд, ба ҳама маълум аст. Намояндагони ҲНИ дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи дастурҳои хоҷагони худро бечуну чаро иҷро менамуданд, зеро маблағҳо ва имтиёзҳо онҳоро намегузоштанд, ки супоришҳоро иҷро накунанд. Имрӯзҳо низ ин раванди хоинонаро идома дода, барои паркандагию зери хоку кашидани Ватани маҳбуби ҳамаи мо-Тоҷикистон талошҳои зиёдро бо ҳар роҳу восита карда истодаанд. Ин ҷо бори дигар иброз медорам, ки ин намояндагон аз мактаби давлатсозии миллӣ огаҳӣ надошта бо назари танги сиёсиву идеологӣ ва фикриву фарҳангӣ, мафкуравию ахлоқӣ, имрӯзу ояндаи худ ва атрофиёнашонро доғдору сиёҳ месозанд.

Тӯли солҳои сипаришуда мардумони шарафмади кишвари азиз, пурра дарк намуданд, ки мо ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу субот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаи мурод расидем. Дар ин кори сангину мушкилтарин тамоми мардуми кишвар дар паҳлуи Сарвари давлат истода, талош ва кӯшиш намуданд, ки бардарон ба ҳам оянд. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди Ватанҳоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музаффариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намоем. Набояд халқи азизи кишвар ба дассисаву суханбозиҳо, фитнаангезию хиёнатҳои наҳзатиён гӯш диҳанд. Зеро «кӯр як маротиба асояшро гум мекунад», дубора гум кардани асо, маънии ба фано расиданро дорад.

 

Ҳасанов Нуралӣ,  узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg