ВОКУНИШ.Ин мисраҳои шеъриро садсолаҳо қабл маҳз барои Гадоев Ш., Муҳиддини К., Назарзода Ҳ., Маҳмадалии Ҳ., Сулаймон Д. ва даҳҳо чунин бадзоштҳо гуфтаанд, ки имрӯз шоҳиди ҳол аст.
Мусаллам аст, ки агар давлате побарҷо ҳаст ва тараққиёту пешравӣ дар он дида мешавад, интизории ҳар руӯйдоди хуш ва нохуш аст. Чашми ҳасудбинон доимо дунболи хиёнат, мансаб, зарар ва задани теша бар решаи миллат ва давлат аст, ки ба ин ҳасудон шумо харгӯшони гурезони луқмаи гургон мисол шуда метавонед. Шумо гургони қурбонии хоҷагони Эронӣ имрӯз дар ҳар сурохӣ пинҳон шуда, тавассути сомонаҳои иғвоангезу шӯромез аз паша фил месозед. Имрӯз давлати Тоҷикистон бо доштани ҳаш миллион нафар аҳолии хеш дар ҷаҳон бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати абарқудрат ва сулҳофар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамоми дунё омӯхта мешавад. Албатта давлате, ки қудрат, овоз, сарҳад дорад ҳар ҳодиса рух медиҳад, ки ин қонуни давлату далатдорӣ аст. Дар сарҳаде, ки задухурд нашавад, дар тӯйе, ки табақе нашиканад, дар оилае, ки низоъ нашавад, ҳаёт маънӣ надорад, зеро ҳаёт худ мубориза аст.
Имрӯз марзи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлолро аз чор гӯша фарзандони бонангу номус, ҷонфидо бо ҳисси ватандорию мардонагӣ ҳимоя менамоянд ва қодиранд, ки баҳри ҳимояи марзу буми хеш ҷони худро фидо созанд.
Шайтонсифати Гадоев Ш. ба ким кадом сурохӣ даромада, дар дохили хонаи дарун мисли арӯсаки шабозии хоҷагонаш пинҳон шуда, тавассути камераҳои махсус бо овози ларзону тарсон навиштаеро мехонаду сипас онро тавассути шабакаҳои интернетӣ пахш мекунад. Гадоев Ш. танҳо навиштаи хоҷагонашро мехонад, зеро ӯ қобилияти ташкили чунин баромадҳоро надорад. Ӯ аз ин баромад то баромади дигар дар кадом сурохӣ пинҳон шуда мегардад.
Дар ҳақиқат ҳайфи он умре, ки Худованд ба Гадоеву ҳаммаслаконаш додаасту сарфи умри ширин накарда, доимо бо тарсу ҳарос ва иҷрои супоришу дастурҳои хоҷагонаш мекунанд. Онҳо аз кори кардаашон ҳазор маротиба пушаймонанд, аммо чи кунанд, ки пеши маблағҳои хурдаашон бечораанд, зеро ҷони худашон тангае арзиш надорад.
Дар ҷое Гадоеви хоин дар баромади навбатиаш ишора намуда қайд мекунад, ки агар давлатро ба мухолифин диҳанд пешравӣ дар сиёсати Тоҷикистон дида мешавад. Агар давлатро ба дасти шумо барин мухолифин диҳанд, шумо давлат он тараф истад барои мансабу пул якдигаратонро пора- пора карда мехӯред. Замоне буд, ки Пешвои муаззаму дӯстдори миллат, Президенти Ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо хиёнаткорони давлат вазифаву мансаб дод.
Шумо манкуртҳо садқаи ғамхориҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва курсиҳои мансабӣ шавед. Ҳаромзода Муҳидин Кабирӣ дар курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳалимзода Назар дар курсии муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадрӯзи Искандаров – дар курсии директори Тоҷик-комунсервис, Зайд Саидов дар курсии вазирии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо нафарро номбар намуд, ки дар курсиҳои мансабӣ нишаста, ба ин давлат ва ин миллат хиёнат намуда, эҳсосоти милати тоҷикро бо ду пули ночиз ба хоҷаҳои хориҷиатон фурӯхтед.
Дар баёни Истиқлолу арзишҳои он, Ваҳдат ва сулҳу субот сухан нагӯед, зеро барои бунёди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ саҳме нагузоштаед, баръакс он ҳама нокомиҳо, хориву зориҳо бо ташаббуси шумо ба сари ин миллат омад. Шумо қадри Истиқлолият, худшиносӣ, сулҳу суботро аз куҷо мефаҳмеду дарк мекунед, чун чи бо шумо сухан гуфт ва ё ба гӯши хар ашула хонд, ҳарду якест. Хар аз шумо дида болотар аст, чун ба соҳибаш хизмати содиқона мекунаду хиёнат намекунад.
Дилам ба ҳоли шумо месӯзад, барои пардохти маблағҳои хурдаатон чӣ азобҳое кашида истодаед. Гирдиҳамоӣ, иғвоҳо, маҳалгароӣ, табаддулотҳоятон фоида накарду акнун даст ба пахши наворҳои иғвоангезатон задаед.
Мо мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзем, чашмонамонро кушода кунем, сиёҳро аз сафед фарқ кунем ва вақти он расидааст, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.
Саёҳат Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон