БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз ҷаҳонӣ муборак ёрон!

АНДЕША. Инак, ба сарзамини куҳанбунёду биҳиштосои мо бузургтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон – Наврӯзи  хуҷастапай бо паёми тозаи рӯзгори нав фаро расид.

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.

Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештар касб мекунанд.

Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост. Ҳамин аст, ки мо дар баробари ҷашнҳои миллӣ ва динии худ Наврӯзро аз бузургтарин ҷашҳои зебо ва мероси аҷдодии худ гиромӣ медорем.

Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии нав ва эҳёи табиат баъд аз сардиҳои зимистон аст. Ин ҷашни зиндагиафрӯз ба ҷуз он ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба   зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди деҳқон, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю дар мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.

Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишварамон, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳёи анъана, расму оин ва суннатҳои миллиамон равона шудааст, мо ҳамаи идҳои аҷдодию миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи дилафрӯзро бо ифтихор ҷашн мегирем.

Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби мо, ки дар масири ҳазорсолаи  таърих ба насли имрӯзаи тоҷик насиб гардид, ба таҷлили  пуршукӯҳу  шаҳомати  хоси  иди  муқаддаси   ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз шароити мусоид фароҳам овард.

Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз кулли мардуми олам ин ҷашни зандагисози ниёгони моро дар радифи ҷашнҳои миллӣ ва мардумии худ пазируфтаанд. Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардидани Наврӯз дастоварди  бузург, натиҷаи кӯшишу талош ва пайгириҳои чандинсолаи давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзи бостонӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мост.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро инъоми табиат барои аҳли сайёраи Замин маънидод карда, дар яке аз баромадҳои хеш зикр намудаанд, ки «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати тоза мебахшад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».

Воқеан ҳам, Наврӯз зеботарин ҷашне дар рӯи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон халқу миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Он ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон аст. Он бо таровату тозагии худ тамоми эътиқодҳои инсониро ба худ ҷалб намуда, бо ҳама созгор омадааст. Наврӯз бо ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару пуршукуҳтар гардидааст.

Ин ҷашн на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи бойи миллӣ ва  воситаи тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бар асари файзи Наврӯз кӯчаву хиёбонҳо, идораҳову хонаҳои истиқоматӣ, боғҳову гулгаштҳо боз ҳам ободтару дилоротар мегарданд.

Чун сухан аз аҳамияти байналмилалии Наврӯз меравад, зикр намудан бамаврид аст, ки расму оинҳои ин ҷашни таърихи беш аз шашҳасорсоладошта аз фарҳангу одобе бармеоянд, ки ба арзишҳои маънавии дигар халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ доранд.

Бузургӣ ва фазилати дигари ҷашни Наврӯз дар он аст, ки одамонро ба рафоқату бародарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва фаромӯш сохтани душманиҳо, тозаву озода намудани макони зист, сару либос, ашёи рӯзгор ва аз дилу хотирҳо дур сохтани кинаву адоват даъват мекунад.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардани Наврӯзи Аҷам дар он аст, ки дар тӯли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷу равнақи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин, ба сифати фарҳанги волои ҳамкориву ҳамёрӣ ва омили муҳими сулҳу ваҳдат  ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ ба инсонҳо хизмат кардааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем» маъракаҳои кабудизоркунӣ, дарахтшинонӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таълимию табобатӣ, фарҳангию варзишӣ, ба тартиб даровардани роҳу кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Сокинони шарафманду заҳматпеша, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар  ноҳия ҳамчун гузаштагони бунёдкори худ бо такя бар анъанаҳои созандаи наврӯзӣ баҳри ободиву шукуфоии диёр саъю талош варзида, омодаанд, ки дар мавсими кишту кор пурмаҳсул меҳнат кунанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннатҳои деринаи гузаштагонамонро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрӯз барои мо- тоҷикон ва кулли кишварҳое, ки ҷашни Нарӯзи Аҷамро таҷлил мекунанд, боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиатро гиромӣ дошта, анъанаҳои инсонпарваронаи онро идома медиҳем.

Бо омад-омади Наврӯз, ки аёми орзуҳои наҷиб мебошад, табиат дубора зинда мешавад, деҳқонон ба замин донаи умед мекоранд, хуршед ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо эҳсоси самимонаи накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.

Бузургони илму адаби мо дар ҳама давру замонҳо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро таърифу тавсиф кардаанд. Мо низ бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои сулҳу озодӣ, дар Ватани ободу биҳиштосои худ ҷашни аҷдодиамон Наврӯзи хуҷастаро таҷлил менамоем.

Барои истиқболи арзандаи Наврӯзи оламафрӯз ҳар як фарди банангу номусро лозим аст, ки бо шукрона аз неъматҳои бебаҳои сулҳу истиқлол ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зубо гардонидани хонаву кошона ва  маҳалли зисти худро вусъат бахшида, бо мақсади рушду тараққиёти Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми сокинони Ватани маҳбубамонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи дилафрӯз табрик ва таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракатро таманно мекунам.

Бигузор дар ин рӯзи нав самои зиндагии ҳамаи мову шумо софу беғубор ва дар он офтоби саодат дурахшон бошад, боди баҳорӣ дар чамани зиндагии мо таронаи бахтро замзама кунад ва дар боғи орзуҳои ҳар як ҳамватани мо гулҳои рангоранги мурод бишкуфанд, баҳоратон асло хазон набошад, ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

 

Наврӯзатон фирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Мақсудҷон Раҳматуллоев,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg