ШАҲРИТУЗ.Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Замонов Азиз баргузор гардид.
Зимнан масъулин аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои аз Паём бароянда вазифаи ҳар як сокини кишвар буда, моро месазад ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ содиқонаву софидлона адои вазифа намоем ва дар рушду тараққиёти Ватани азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзанда гузорем.