БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амалисозии мақсаду ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузорем

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Падида»  бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ ва дигар шахсони даъватӣ   тибқи ҷадвали хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо, вохӯриву  мулоқот дар  дар деҳаву маҳаллаҳо  ва қисмати  амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  «Якҷоя  ҳал мекунем!» барои нимсолаи  аввали  соли ҷорӣ  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова  дар бораи  моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Сипас, дар идома  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Падида»  З. Назарова  ба сухан баромада, оид ба баргузории чунин вохӯрии судманд аз масъулин изҳори  миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки  мо ҳамеша  ҷонибдори сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ мебошем ва дар амалигардонии  ҳадафу мақсадҳои олии он саҳми арзанда хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg