БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Имконоти корҳои хайру сахо дар Тоҷикистон

КУШОНИЁН.Ҷиҳати амалӣ намудани эълон шудани “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ  баргузор намуда истодааст.

Вохӯрии  навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Наврӯз”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия    бо аъзои ташкилоти номбурда сурат гирифт.

Дар баргузории чорабиниҳо  аъзои  ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона  иштирок намуда, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 30  - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аъзои  ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар маъюби гурӯҳи 1-ум  Назаров Шодибек ба маблағи 150 сомонӣ маводҳои хӯрока  кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg