БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён амалисозандаи ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат!

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ”-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар он  муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби  мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони   Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Абдураҳимова Фирӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти суҳбат мавсуф иброз дошт, ки Паём ҳамчун барномаи  мукаммали солонаи ҳар фарди тоҷикистонӣ буда,  дар он нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои созанда бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум равона карда шудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg