БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани некӯаҳволии мардум яке аз ҳадафҳои ҲХДТ

БОХТАР.Тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва вохӯриву суҳбатҳо оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта,  доир ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳу сифати сокинон мебошад. Ва ин сиёсати давлат бо ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ созгору тавъам аст.

Инчунин, дар охир аз ҷониби масъулин ҷамъомадагон ба корҳои ободониву созандагӣ, расидан ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат  раҳнамоӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg