
Ш.ШОҲИН. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Мешкорони ҷамоати деҳоти Саричашма вобаста ба Соли баланд бардоштаи масъулияти шаҳрвандӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асақолов Алиҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия Қурбонова Баҳринисо вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.
Инчунин, дар ин раванд масъулин дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия ва саҳми онҳо дар пешравӣ ва шукуфоии Ватан дар Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд.
Дар охир ба сокинон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.