БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯмак ба ятимону дармондагон дар арафаи ҷашни Наврӯз

КӮЛОБ. Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Сафаров” тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – 2019 ва расонидани туҳфаҳои идонаи Наврӯзӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон ва дигар ашхоси ниёзманд амалҳои хайриявӣ анҷом дода шуд.

Зимни чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия Мунаввараи Бозоралӣ, Самадзода Сайёҳат ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Сафаров” Гулмадова Кибирё иштирок намуданд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва иқдомҳои ҳизбӣ, аз ҷумла Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаҳояшро баён намуд. Зимнан иброз дошт, ки хушбахтона имрӯзҳо аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша чун анъана дар арафаи идҳо ва санаҳои таърихӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ дасти ёрӣ дароз мекунанд, ки ин амал  яке аз хислатҳои хуби инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин ниятҳои нек вобаста ба имкониятҳо дар якҷоягӣ бо кормандони масъули ҳизбӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ба 6 нафар толибилмони маъюб, ки бо таҳсили инфиродӣ фарогирифта шудаанд, кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла маводҳои ғизоӣ дастрас карда шуд, ки ин нафарони маъюб аз иқдоми мазкур шод гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg