БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Собиқадорону барҷомондагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар Беморхонаи №1 -и деҳаи Айвоҷ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод иштирок дошта,  оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар, эълон шудани солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби  тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти уновни “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо ташаббуси сартабиби беморхонаи №1 Чориев Абдухолиқ  ёрии тиббӣ ройгон дар хона ба шахсони маъюбу бепарастор, аз ҷумла иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷӯраев Тураи 93 сола, Очилдиева Гулсараи 59 сола ва Қодирова Холбегуми 85 сола расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg