БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии ниёзмандон дар асоси Паёми Пешвои миллат!

ҶАЙҲУН.Дар доираи ҷадвали тасдиқшудаи Ки ҲХДТ дар неоҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Дониш» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва доир ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар амал татбиқ намудани қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва Зайдуллоев Муҳамадҷон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан дар қисмати чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад-мудири шуъбаи таблиuот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуд.

Дар қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси ташкилоти ибтидоии «Дониш» Сафаров Нуралӣ дар якҷояги бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба аёдати ду нафар эҳтиёҷманд рафта, аз номи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба маблағи 250 сомонӣ ба онҳо маводи хӯрокворӣ кӯмак расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg