БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи самараноки замин – кафили таъмини зиндагии осоишта

Н.ХУСРАВ.Тибқи  ҷадвали  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Носири Хусрав дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “КДФБММҒ”-и ноҳия  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи  «Истифодаи  самараноки замин – кафили  таъмини  зиндагии  осоишта» баргузор  гардид.

Масъулин     зимнан доир ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ,  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  кишварро дар  доираи   Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ  ва   сазовор  истиқбол  намудани  30- солаги  Истиқлолияти  давлатӣ  андешаронӣ карда, таъкид  намуданд, ки  амалисозии  дастуру  супоришҳои  Сарвари  давлат  вазифаи  ҳар  як  фарди  ватндӯст,  аз  ҷумла  аъзои  ҳизб ба  шумор  рафта,  дар  доираи  фаъолияти вазифавии  худ  барои расидан  ба  мақсадҳои  гузоштаи Пешвои миллат дар  самти  рушди  соҳаи  кишоварзӣ, таъсиси  ҷойҳои  корӣ  ва  афзун  гардонидани  иқтидори  содироти  кишвар бевосита  ба  ҳифзи  амнияти   озуқаворӣ таъсири  худро  мерасонад.  Ҳар  як  корманди  Кумитаи  идораи  замин   бо  масъулияти  баланди  касбӣ   барои пешрафти  соҳаи  кишоварзӣ вазифадор  карда  шуд, ки бо  ҳисси  масъулиятшиносӣ  вазифаҳои  касбии  худро ба  роҳ  монда, барои  самаранок истифода бурдани  замин ва  дар  таъмини  амнияти  озуқаворӣ,  инчунин  ба  гардиши  кишоварзӣ ворид  намудани  заминҳои  бекорхобида ва  азхудкунии  заминҳои  нав, ки  дар  Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат  дастурҳо  дода  шуданд,   чораҳои  амалӣ  андешанд.

Дар  қисмати   амалии  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  ҷамъомадагон  иқдом  гирифтанд,ки  дар  замини   назди бинои  маъмурии  ташкилот  гулҳои ороишӣ   ва  дарахтони  сояафкану ҳамешасабз шинониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg