БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи саломатии мардумро вазифаи худ медонанд

ХОВАЛИНГ.Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳрдорӣ” оид ба фаҳмонида додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.  

Дар назди аъзои ҳизб корманди масъули Кумитаи иҷроия Ҳасан Қурбонов баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи вазифаҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда дар амри истифодаи сарфаҷӯёнаи қувваи барқ, хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, сабаб ва омилҳои гаравидани  шаҳрвандон ва алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ,  роҳҳои мубориза ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ ва дигарҳо ба таври муфассал маълумот дода, ба суолҳои дода аъзои ҳизб посух гардонид.

Дар баромад  ба тозаю озода нигоҳ доштани марказ ва деҳоти ноҳия, ки гарави саломатии мардум шуданаш мумкин аст,  роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Баъди баромад  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ёраҳмад Шарифов, аъзои ташкилот Иброҳимзода Раҳмон Шовалӣ,  Пӯлод Муродов, Гулбаҳор Ҳусайнова ва чанде дигарон баромад намуда, қайд карданд, ки бо тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия, кабудизор намудани кӯчаю хиёбонҳо дар ҳифзи саломатии мардум саҳми худро мегузоранд.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ҳизб дар ин рӯз ба ҳашар баромада,  ба шинонидани гулҳои мавсимӣ дар кучаҳои марказии ноҳия оғоз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg