ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Ваҳдати миллӣ»-и деҳаи Куҳандиёри ҷамоати деҳоти Ватан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободониро доир намуданд.
Дар чорабинӣ сокинон бо тариқи ҳашар корҳои ободониро, аз қабили сангфарш кардани роҳҳои дохилии деҳа, ба истифода дода шудани 2 кӯпруки мошингузар, шинонидани гулҳои ороишӣ дар лаби канали обгузар ба анҷом расониданд.
Инчунин, бо дастгирии сокинони деҳа бунгоҳи тиббии дуҳуҷрагӣ сохта ба истифода дода шуд.