БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз рамзи ваҳдату якдилиро таҷассум мекунад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт» чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида  шуд. Дар чорабинии идона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сайдализода Ҷурахон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар рафти ҷорабинӣ Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, ҷаъомадагонро ба яке аз ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик-Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд. Сипас, ба 40 нафар кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон ариза барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар идомаи тантанаҳои наврӯзӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт» Сайдализода Ҷурахон суханронӣ намуда, доир ба мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеа ибрози назар карда, ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз шахсоне, ки нав ба сафи ҳизб қабул шудаанд, даъват намуд, ки ба Оиннома ва Низомномаи ҳизб содиқ бошанд ва барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ тамоми нерӯву тавоноии хешро равона созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg