ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи “Лақай Қармишев” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимнан масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз суханронӣ намуд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Асоев Ҳабибулло тасмим гирифтанд, ки гирду атрофи бинои кории худро тозаю озода намуда, бо мақсади кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ҷойҳои мувофиқ омода намуданд.