ПАНҶ.Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия” роҳандозӣ гардид.
Дар мулоқот Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ва Ғафуров Сайдамир -мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бармеоянд да меҳвари сўҳбат қарор гирифтанд. Аз ҷумла, оиди амалӣ намудани 4 ҳадафи стратегияи мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, яъне пурра бардоштани мањдудияти барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, яъне то соли 2030 табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, яъне таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва ба давлати саноатӣ –аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, ки ба ҳадаф ба зиндагии шоистаи мардум оварда мерасонад қайд карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ доир ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ки худ кормандони хоҷагии коммуналии ноҳия мебошанду тозагии шаҳрак аз онҳо вобаста аст, иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиёнро дастгирӣ карда, дар ташкилу ба роҳ мондани мунтазами корҳои бунёдкориву созандагӣ беҳтару хубтар саҳм хоҳанд гузошт.