![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/6_10.jpg?itok=OcsWEnDX)
КУШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Истиқлол”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Аксияи мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Хоҷаев Саид 340 метр ҷӯйбори обгузар ва роҳҳои таъмирталаби деҳаи мазкур ба маблағи 6800 сомонӣ тозаву таъмир карда шуданд.