ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хоҷагии деҳқонии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба мақоми олии қонунгузории мамлакат Маҷлиси Олӣ ва татбиқи самараноки онҳо дар соҳаҳои гуногун, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масоили об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, татбиқи агротехнологияҳои навин ҷиҳати самаранок гардонидани заминҳо ва гирифтани якчанд ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ, ба таври васеъ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишоварзон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.