КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Калот” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ анҷом ёфт.
Дар ин чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Калот” Қурбонов Холаҳмад иштирок намуданд.
Сараввал Мунаввараи Бозоралӣ оид ба муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаи худ ироа карда буданд, андешаронӣ намуда, ёдовар шуд, ки ҳама дастуру сапоришҳо ва ҳадафу мақсадҳое, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида буд, иҷрои саривақтии он вазифаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад.
Инчунин, дар самти татбиқи Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаҳои худро баён намуда, сипас аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар якҷоягӣ, роҳравҳои дохили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-ро рангу бор намуда, тирезаҳои фарсудаи муассисаи мазкур иваз карда шуданд. Дар баробари ин замин ва бехи дарахтон нарм гардиданд.