ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулафшон» бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мардуми деҳаи Гулафшон сарҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи маҳали зисти худро ободу зебо намуда, гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд.
Ҳамзамон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулафшон» хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти хониши сиёсӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба сазовор истиқбол кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.