БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи амалии Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!»

БОХТАР.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Бохтар ва ҷиҳати татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар корҳои  ободонӣ доир карда шуд.

Дар корҳои ободонӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Исоев Фаррух, бо сокинони маҳалла иштирок карда, мақсади асосии баргузории корҳои созандагӣ ин иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, тозаю озода намудани маҳалли зист, сафед кардани  қисмати поёнии дарахтон ва шинонидани дарахтон  мебошад.

Дар рафти Аксияи ҳизбӣ заҳбуре, ки аз ҳудуди маҳалла мегузарад, аз алафҳои бегона ва  партовҳо тоза карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg