А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии хизби «Бӯстон Сулаймонова»-и деҳаи Бӯстон Сулаймоноваи ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар хонаи 1 нафар оилаи ниёзманди деҳа Сафаров Суҳроб ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, корҳои рангу бори дару девор ва сохтмони хонаи истиқоматӣ анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин амалҳои нек бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ба нақша гирифта шуда, амалӣ карда мешавад.