БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳали зистамонро худамон обод мекунем!

ДАНҒАРА. Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”-и ҷамоати шаҳраки Фархор хониши сиёсӣ ва инчунин дар робита бо дастури супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониӣ доир карда шуд.

Сараввал мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди аъзо ва ҷонибдорони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, сокинонро ба фарорасии байнанмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуд.

Ҳамзамон, бо саҳми сокинони маҳалла, як қатор корҳо, аз қабили тоза ва озода нудани гирду атрофи маҳали зист ва бо саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, роҳи кӯчаро сангфарш намуда,  ният доранд, ки дар рӯзҳои наздик чорғонкунии кӯчаро низ шурӯъ намоянд. Инчунин, сокинони маҳал бо рӯҳи болида аз омад- омади фасли баҳор Наврӯзи ҷаҳониро ҷашн гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg