БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Фаровонии дастурхони шумо мақсади асосии мост!

КУШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо занони кишоварзоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир намуданд.

Чунин силсилавохӯриҳо дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, ҳадафи асосии он шиносоӣ бо кору рӯзгори бонувон ва расидагӣ ба мушкилоти ҷойдоштаи онҳо мебошад.

Масъулин вохӯриро бо занони кишоварз дар саҳро доир намуда, оид ба муаммоҳои ҳаёти бонувон, рушди деҳоту ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил, пойдории оилаҳо, самараноку  сарфаҷӯёна  истифода бурдани обу замин ва нерӯи барқ андешаронӣ карданд.

Аз ҷумла, дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ  ба занон дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg